Ташкили Ситоди вижаи мубориза бо шуюи бемории коронавирус бо дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон
(last modified 2020-02-04T06:51:04+00:00 )
Феврал 04, 2020 11:51 Asia/Dushanbe
  • Ташкили Ситоди вижаи мубориза бо шуюи бемории коронавирус бо дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Бо дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон Ситоди вижаи мубориза бо шуюи бемории коронавирус ташкил шуд.

Ба нақл аз Азия-Плюз, ин ситод ба раёсати Азиз Иброҳим муовини сарвазир ташкил шуда ва намояндагони вазоратхонаҳои тандурустӣ, омӯзишу парвариш, кишоварзӣ, кор ва умури муҳоҷират, умури хориҷа ва кумитаҳои умури изтирорӣ, расона, гардишгарӣ ва ҷавонон ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар он узв ҳастанд.

Иҷрои тамомии дастурамалҳо ва тасмимоти ин ситод дар Тоҷикстон илзомӣ аст.

Дар рӯзҳои гузашта ҳудуди 300 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз кишвари Чин баргаштанд дар бахши уфунии бемористони шаҳри Душанбе қарантин шуданд.

Мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон эълом карданд ҳануз ҳеҷ як аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба коронавирус мубтало нашуданд.