Баррасии иқдомоти муштараки Тоҷикистон ва Чин барои пешгирӣ аз шуюи коронавирус
Муовини аввали Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва сафири Чин дар Душанбе бо якдигар дидор ва иқдомоти муштараки ду кишварро дар заминаи пешгирӣ аз шуюи коронавирус баррасӣ карданд.
Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, Хусрав Нозирӣ муовини аввали Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва Ло Биния сафири Чин дар Душанбе дидор ва гуфтугӯ ва масоили марбут ба иқдомоти муштараки ду кишвар дар заминаи пешгирӣ аз шуюи коронавирус баррасӣ шуд.
Ҳамчунин Насим Олимзода вазири беҳдошт ва ҳифозати иҷтимоии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ бо ишора ба музокирот бо Чин аз бозгардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳри Вуҳан хабар дод.
Олимзода гуфт, ки ҳамакнун дар шаҳри Вуҳан 58 шаҳрванди Тоҷикистон ҳузур доранд, ки музокирот дар заминаи бозгардондани онон дар сатҳи давлатҳои 2 кишвар идома дорад.
То кунун 645 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз Чин баргашта ва барои пешгирӣ аз шуюи коронавирус дар бемористон қарантин шудаанд.
Пеш аз ин Рустам Назаров раиси Идораи дифои мадании Тоҷикистон гуфта буд, шаҳрвандони тоҷике, ки дар Чин ба сар мебаранд бо як ҳавопаймои борбарии чинӣ аз Вуҳан ба кишвар боз хоҳанд гашт.
Назаров афзуд, ин ҳавопаймо ҳамчунин кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон шомили оби миниралӣ, оби мева ва меваҳои тоза ва хушкро ба Вуҳан мунтақил хоҳад кард.