Феврал 14, 2020 19:26 Asia/Dushanbe
  • Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба марзи 2.9 миллиард доллар расид

Бидеҳӣ ё қарзи хориҷии Тоҷикистон дар ибтидои соли ҷории мелодӣ ба 2 миллиарду 888 миллион доллар расид.

Ин матлабро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ баён кард.

Ба гуфтаи вай, бидеҳии хориҷии Тоҷикистон дар соли 2019 муодили 35.8 дарсад аз тавлиди нохолиси миллӣ будааст.

Тайи ин муддат ҷиҳати бозпардохти бидеҳии хориҷӣ 221.8 миллион доллар ҳазина шудааст, ки аз мизон 146.8 миллион доллар бозпардохти бидеҳӣ ва 75 миллион доллар баҳраи вомҳост.

Вазири молияи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки дар соли гузаштаи мелодӣ кишвараш бо тарафҳои хориҷӣ 30 маврид мувофиқатномаи эътиборӣ ва эътоӣ ба маблағи 541.9 миллион доллар имзо кардааст, ки 360.2 миллион доллар (66.4 дарсад) –и онро кумакҳои молии ройгон ё грант ташкил медиҳад.

Биноба гуфтаи ин мақоми тоҷик, ҳукумати кишвар дар се соли оянда қасд дорад аз муассисоти молии байналмилалӣ ҳудуди як миллиард доллар дарёфт кунад.

Дар ҳоли ҳозир бидеҳкории Тоҷикистон дар баробари “Эксимбонк” Чин як миллиарду 163.8 миллион доллар, Бонки Ҷаҳонӣ 325.7 миллион доллар, Бонки тавсеаи Осиё 259.1 миллион доллар, Бонки тавсеаи исломӣ 134.9 миллион доллар мебошад.

Ҳаҷми бидеҳии кишвар дар муқобили авроқи қарзаи аврупоӣ 500 миллион доллар унвон шудааст.

 

Барчасп