Феврал 16, 2020 11:02 Asia/Dushanbe
  • Коршиноси рус: иқтисоди Тоҷикистон бидуни Чин рушд намекунад

Мудири Маркази пажуҳишҳои сиёсии Донишгоҳи молии Русия муътақид аст, ки Тоҷикистон бидуни қарзҳои Чин наметавонад иқтисоди худро рушд диҳад.

Ба нақл аз Спутник, Павел Салин бо ишора ба суханони Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молияи Тоҷикистон бар асоси надоштани барномаи дарёфти қарз аз Чин дар се соли оянда гуфт, ки Душанбе бидуни кумакҳои Пекин наметавонад тарҳҳои иқтисодии худро иҷроӣ кунад.

Мудири Маркази пажуҳишҳои сиёсии Донишгоҳи молии Русия афзуд, баррасиҳо нишон медиҳад, ки дар соли 2019 беш аз 80 дарсади қарзҳоои дарёфтии Тоҷикистон аз Чин буда ва баъид аст, ки Душнабе битавонад дар ояндаи наздик ҷойгузине барои Пекин дар гирифтани қарз пайдо кунад.

Бар асоси гузориши Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории Тоҷикистон ин кишвар дар соли 2019 муваффақ ба ҷазби 346 миллион доллар сармояи хориҷӣ шуда, ки 262 миллиону 300 ҳазор доллари он саҳми Чин аст.

Павел Салин бо ишора ба саҳми Чин дар ихтисоси қарзҳои молии мавриди ниёзи Тоҷикистон таъкид кард, ба назар намерасад, ки ҳеҷ кишвари хориҷии дигаре ба андозаи Пекин аз тавони вогузории ин манобеи молӣ ба Душанбе бархурдор бошад.

Барчасп