Феврал 20, 2020 10:05 Asia/Dushanbe
  •   Эъломи   Мақомоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон барои , судури раводиди 60 рӯза барои гардишгарон

Мақомоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом карданд , ин кишвар барои гардишгарон раводиди 60 рӯза содир мекунанд.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷикта, мақомоти ин вазоратхона гуфтанд , Имомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта фармони судури раводиди 60 рӯза барои сафари атбои хориҷӣ ба ин кишварро имзо кард

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳазинаи судури раводид барои мусофироне,ки қасд доранд якбор ба ин кишвар сафар кунанд 30 доллар аст, аммо ин афрод метавонанд раводиди 60 рӯзаи сафар ба ин кишварро бо пардохти 50 доллар дарёфт кунанд.

Ҳамчунин судури раводиди 3 ва 5 сола барои сармочгузороне,ки қасди сафар ба Тоҷикистонро доранд, баррасӣ мешавад.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2019 ба Вазорати умури хориҷаи ин кишвар дастур дод,ки барои осон шудани сафари тоҷикҳои муқими кишварҳои дигар ва форсизабон раводиди 3 сола содир кунанд.

Ҳамчунин барои атбоъи хориҷие,ки мехоҳанд як миллион доллар дар ин кишвар сармоягузорӣ кунанд раводиди 5 сола содир шавад.