Феврал 24, 2020 10:24 Asia/Dushanbe
  • Таини ҷойиза барои ихтироъкорони ҷавон дар вилояти Суғд

Раиси вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон бо судури фармоне барои ташвиқи ҷавонони ин минтақа ба ихтироъ, ҷойизаҳои молӣ таин кардааст.

Ба нақл аз Дафтари матбуотии раёсати вилояти Суғд, бар асоси фармони раиси вилояти Суғд дар моҳҳои июн то октябри имсол нахустин озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида хоҳад шуд, ки барои донишҷӯён, олимони ҷавон аз 2 то 7 ҳазор сомонӣ (баробар бо 200 то 700 доллар) эҳдо хоҳад шуд.

Дар ин фармон таъкид шудааст, ки барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 2000 сомонӣ то 5000 сомонӣ тақдим карда мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ин тарҳро дар чорчуби  эълом гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” иҷро кардааст.

Пештар раисиҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф аз эълом гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” дар кишварашро тақвияти фарогирии илмҳои табиӣ ва риёзӣ ва ниҳодина кардани тафаккури технологии хонандагони мактаб ва насли ҷавон унвон карда буд.

 

Барчасп