Тоҷикистон мизбони «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон»
«Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар саросари ин кишвар бо ширкати адибон ва нависандагон баргузор мешавад.
Ба гузориши Форс, ин рӯйдоди адабӣ дар рӯзҳои 2 то 9 апрел баргузор хоҳад шуд.
Ин ҷашнвора бо талоши Китобхонаи давлатии кӯдаконаи ба номи Мирсаид Миршакар, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио, Иттиҳодияи нависандагон, ниҳодҳои маҳаллӣ ва мақомоти давлатии вилояти Бадахшон, манотиқ, шаҳрҳо ва навоҳӣ мухталифи Тоҷикистон баргузор мешавад.
Дар ин ҷашнвора дидори хонандагон бо шоирон ва нависандагон, мизгирдҳо, рӯнамоӣ аз китобҳои ҷадид, мусобиқоти мухталиф, аз ҷумла мусобиқоти ҳунармандони ҷавон бо мавзӯоти «китоби мавриди алоқаман» пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин дар ин ҷашнвора барномаҳое бо унвони «пурфурӯштарини китоб», «фаъолтарин хонанда», «машҳуртарин нависандаи кӯдак», «фаъолтарин китобхона ва хонандаи ҷавон» ва «хонандагони ҷавон» иҷро мешавад.