Истиқрори гурӯҳе аз Созмони ҳуқуқи башари Аврупо барои назорат бар интихоботи ТОҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51260-Истиқрори_гурӯҳе_аз_Созмони_ҳуқуқи_башари_Аврупо_барои_назорат_бар_интихоботи_ТОҷикистон
Гурӯҳе аз Созмони ҳуқуқи башари Аврупо бар интихоботи Тоҷикистон дар ин кишвар мустақар шуданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Феврал 27, 2020 09:48 Asia/Dushanbe
  • Истиқрори гурӯҳе аз Созмони ҳуқуқи башари Аврупо барои назорат бар интихоботи ТОҷикистон

Гурӯҳе аз Созмони ҳуқуқи башари Аврупо бар интихоботи Тоҷикистон дар ин кишвар мустақар шуданд.

Ба нақл аз дафтари Ниҳодҳои  демократи ва ҳуқуқи башар ( OSCE ) пас аз даъвати Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон барои назорат бар раванди иҷроии мароҳили интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар , Ниҳодҳои демократӣ ва Ҳуқуқи башар  ё ODIHR ва маъмурини арзёбии интихобот ё EAM Аврупо гурӯҳеро дар ин кишвар мустақар кард.

Маъмурони арзёбии интихобот ба сарпарастии Абурҳорд Пугел, кори худро аз 13 феврал дар Тоҷикистон оғоз кард.

Маъмурони арзёбии интихобот ҳафт нафар аз кормандони байланмиллалӣ ҳастанд,ки ҳафт кишвари ширкаткунанда дар Созмони амнияти ҳамкории Аврупо ба Тоҷикистон мустақар карданд.

 Ин маъмурон вазифа доранд интихоботро аз назари интибоқ бо таъаҳудоти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва дигар таъаҳудҳо ва меъёрҳои байналмиллалӣ баргузории интихоботи демократӣ ва ҳамчунин қавонини миллӣ арзёбӣ кунанд.

Нозирони , чорчуби ҳуқуқии интихобот, чигунагии иҷроии марҳалаҳои мухталифи интихобот,таблиғоти довталабон,ҳали ихтилофҳои марбут ба интихобот, қавонини марбут ба таъмини молӣ ва ҳамчунин пушиши расонаии интихоботро баррасӣ мекунанд.

Маъмурон теъдоди маҳдуде аз марказҳои райгириро ҳам дар рӯзи интихобот боздид ва гузориши ниҳоиро ҳудуди ҳашт ҳафта пас аз поёни интихобот эълом мекунанд.