Раиси Кумитаи иҷроии кишварҳои Ҷомиъаи ҳамсуд, ва арзёбии мусбат аз иҷроии муқадамоти интихоботи Тоҷикистон
(last modified 2020-02-29T10:43:26+00:00 )
Феврал 29, 2020 15:43 Asia/Dushanbe
  • Раиси Кумитаи иҷроии кишварҳои Ҷомиъаи ҳамсуд, ва арзёбии мусбат аз иҷроии муқадамоти интихоботи Тоҷикистон

Раиси Кумитаи иҷроии кишварҳои узви Ҷомиъаи ҳамсуд баргузории муқадамоти интихобот дар Тоҷикистонро мусбат арзёбӣ кард.

Ба нақл аз Спутник,пеш аз интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон, ҷаласае байни раиси Кумитаи иҷроии кишварҳои ҳамсуд Сергей Лебедев вазири умури хориҷаи ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддини Меҳриддин баргузор шуд.

Раиси ҳайати намояндагии CIS гуфт ; бо ҷамъбандии иқдомот, натиҷа гирифтем,ки  муқадамоти баргузории интихобот дар як фазои ором, муназам ва дар чорчуби қонуни интихобот иҷро шудааст.

Ҳамчунин дар ин музокирот, Сергей Лебедев аз Вазорати умури хориҷаи  ҷумҳурии Тоҷикистон бахотири даъвати зудҳангоми маъмурияти нозир CIS , ки имкони назорат бар марҳалаҳои раванди интихоботро фароҳам мекунад қадрдонӣ кард.

Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ дар 5 шаҳри Русия марказҳои райгири дорад.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳам дар ин дидор аз фаолияти хуби нозирон қадрдонӣ кард.