Бозсозии бозори Корвони шаҳри Душанбе бо норизоятии мағозадорон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51365-Бозсозии_бозори_Корвони_шаҳри_Душанбе_бо_норизоятии_мағозадорон
Мудирияти бузургтарин бозори шаҳри Душанбе мавсум ба Корвон аз бозсозӣ ва тавсеаи ин маркази тиҷорӣ бо ҳазинаи касабаи ин бозор хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 01, 2020 09:25 Asia/Dushanbe
  • Бозсозии бозори Корвони шаҳри Душанбе бо норизоятии мағозадорон

Мудирияти бузургтарин бозори шаҳри Душанбе мавсум ба Корвон аз бозсозӣ ва тавсеаи ин маркази тиҷорӣ бо ҳазинаи касабаи ин бозор хабар дод.

Ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, мудирияти бозори Корвон дастур додааст, ки ҳар як аз моликони мағозаҳои ин маркази тиҷорӣ бояд барои бозсозӣ ва тавсеаи он 15 ҳазор сомонӣ (баробар бо 1 ҳазору 500 доллар) пардохт кунанд.

Ин мавзӯъ бо эътирози фурушандагон рӯбарӯ шудааст.

Ба касабаи ин бозор эълом шудааст, ки дар сурати пардохти ин маблағ пас аз бозсозӣ метавонанд мағозаҳоеро иҷора кунанд ва ашхосеро, ки тавоноии ин корро надоранд бояд бозорро тарк кунанд.

Ҳалима Мавлонова, мудири бозори Корвон бо таъиди ин мавзӯъ гуфтааст, ки шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон дастури бозсозӣ ва тавсеаи ин маркази тиҷориро содир кардааст.

Мавлонова афзуд, бояд 70 хонаи атрофи бозор аз моликонаш харидорӣ ва ба қаламрави бозор изофа шавад, аз инрӯ роҳе ба ғайр аз ҷамъоварии ин маблағ аз касаба боқӣ намемонад.

Бозори Корвон бузургтарин маркази тиҷории шаҳри Душанбе аст.