Тоҷикистон дар дуроҳии фуруши об ё ҷазби сармоя барои сохти нерӯгоҳи оби барқӣ
(last modified 2020-03-01T08:32:42+00:00 )
Март 01, 2020 13:32 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар дуроҳии фуруши об ё ҷазби сармоя барои сохти нерӯгоҳи оби барқӣ

Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ мегӯяд, Тоҷикистон бояд ба ҷои матраҳ кардани мавзӯи муовизаи об ё сӯзишворӣ ва ҷуброни хасорати захирасозии об дар пушти садҳои ин кишвар аз сӯи ҳамсояҳо, ба дунболи ҷазби сармоя барои сохти нерӯгоҳҳои нави оби барқӣ бошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Дмитрий Верхотуров бо ишора ба изҳороти ахири муовини вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон дар бораи зарурати муовизаи об бо сӯзишворӣ миёни кишварҳои минтақа ва ё ҷуброни хисорати молии захирасозии об дар пушти садҳои Тоҷикистон аз сӯи Узбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон гуфт, дар шароити феълии минтақаи Осиёи Марказӣ ин мабҳасҳо ба ҷое нахоҳад расид.

Вай афзуд, на Тоҷикистон тавони захирасозии оби рӯдхонаҳои худро дорад ва на ин се ҷумҳурӣ ҳозир ба пазириши дархости Душанбе хоҳанд шуд.

Ин коршиноси рус ёдовар шуд, ки ин мабҳасҳо дар аввалҳои истиқлоли ин кишварҳо матраҳ шуд ва посухи се кишвари пойиндаст ба Тоҷикистон ва Қирғизистон ин буд, ки агар метавонанд маҷрои оби рӯдхонаҳоро бибанданд.

Чанде пеш Ҷамшед Шоҳинзода, муовини вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба таомули ҷумҳуриҳои ҳамсоя дар замони Шуравӣ, муовизаи об бо сӯзишворӣ ва энержӣ миёни кишварҳои минтақа ва ё ҷуброни хасорат барои истифода аз обро хостор шуд.

Аммо Дмитрий Верхотуров, коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ мегӯяд, ки Тоҷикистон бо Узбакистон бар сари сохти ду нерӯгоҳи оби барқӣ бо сармоягузории Тошканд ба тавофуқ расидааст ва бояд бо дигар кишварҳои пойидаст низ дар ин маврид музокира кунад.

Вай афзуд, агар ин иттифоқ бияфтад Тоҷикистон аз ҳисоби фуруши барқ ба кишварҳои ҳамсоя метвонад даромади молии калонеро касб кунад, ки ба маротиб беҳтар аз матраҳ кардани мавзӯи қадимии муовизаи об бо сӯзишворӣ ва энержӣ миёни кишварҳои минтақааст.

 

Барчасп