Афзоиши мизони хариди мардум дар Тоҷикистон ва гарон шудани қиммати аҷнос.
Афзоиши хариди мардум аз фурӯшгоҳҳои шаҳри Душанбе мӯҷиби гаронии аҷнос дар ин шаҳр шудааст.
Дар рӯзҳои охир шиддат гирифтани шоеаи маҳдуд шудан воридоти колоҳои зарурии мардуми Тоҷикистон аз кишварҳое монанди Чин ва Эрон, ки бемории карона дар инҳо шуйӯъ пайдо кардааст, боис шудааст, ки мардуми шаҳри Душанбе аз тарси ноёб шудан аҷнос ба фурӯшгоҳҳои мухталиф ҳуҷум баранд ва ин иқдом боиси гаронии колоҳо шудааст.
Бино ба хабаргузории Спутник , мушоҳида шудааст, ки сокинони шаҳри Душанбе иқдом ба хариди миқдори зиёди орд, равған ва об кардаанд.
Ҳарчанд, ки мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон эълом карданд дар ин кишвар ҳеҷ мавриди машкук ибтило ба бемори вируси карона сабт нашуда вале интишори ахбори мухталиф дар фазои маҷозии бозор шоеаро мабни бар эҳтимоли камёб шудан маводи ғазоиро дар ин ҷумҳурӣ доғ кардааст.