Пайвастани ширкати ҳавопаймои “Сомон Эйр”-и Тоҷикстон ба пӯиши анҷумани байналмиллалии ҳамл ва нақли ҳавоӣ (iata)
(last modified 2020-03-07T10:24:21+00:00 )
Март 07, 2020 15:24 Asia/Dushanbe
  • Пайвастани  ширкати ҳавопаймои “Сомон Эйр”-и Тоҷикстон ба пӯиши анҷумани байналмиллалии ҳамл ва нақли ҳавоӣ (iata)

Ширкати ҳавопаймои “Сомон Эйр”-и Тоҷикстон ба пӯиши анҷумани байналмиллалии ҳамл ва нақли ҳавоӣ (iata) пайваст.

Бино ба хабаргузории Спутник ,ширкати  ҳавопаймои Тоҷикистон барои иртиқоъи  танаввӯъи ҷинсиятӣ дар кори ҳамл ва нақли ҳавоӣ ба пӯиши  25  то  2025, ки аз сӯи анҷумани байналмилалии ҳамл ва нақли ҳавоии созмон ёфта пайваст.

 Хадамоти матбуоти ҳавопаймои “Сомон Эйр гуфт: ин ширкат дар назар дорад танаввӯъи ҷинсиятиро дар бахшҳои мухталифи  ҳавонавардии  шомили  халабонӣ , кумак халабон ва меҳмондор то соли 2025 ба ҳадди ақал 25 дар сад бирасонад.

 " Томас  Халлам  мудири  ширкати  ҳавопаймоии  “Сомон Эйр” ва коршиноси  ҳавонавардӣ гуфт: "ман мӯътақидам, ки барои афзоиши нақш ва аҳамияти  занон дар ҷомеа афзоиш ва ихтисос кадрҳои парвозӣ ба занон идеяи  бисёр хубе аст.

  Ӯ афзуд: ин ибтикори  такрорӣ назароти Раиси  Ҷумҳурии   Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамвора таваҷҷуҳи  вижае ба мушорикат занон дар зиндагии  умумӣ ва сиёсии  ҷумҳурӣ  мекунад.

 Ӯ гуфт : воқеият он аст, ки як мудири зан ҳангоми  талош барои расидан ба муваффақият беҳтар метавонад ба он даст пайдо кунад.

 Мудири ширкати  ҳавопаймоии “Сомон Эйр афзуд: муҳиммтарин монеъи  пешрафти  зан нигариши дигарон аст.

  Томас Халлам гуфт: ҳамл ва нақли  ҳавоии хусусӣ  ба зудӣ дар ҳама кишварҳои Осиёи Миёна тавсеа хоҳад ёфт.

 Тибқи омори расмӣ , дар ҳоли  ҳозир фақат 8 дар сад халабонони  ҷаҳон зан ҳастанд.