Интисоби мудири радиои тоҷикистон
(last modified Sat, 14 Mar 2020 10:44:42 GMT )
Март 14, 2020 15:44 Asia/Dushanbe
  • Интисоби мудири радиои тоҷикистон

Раиси Кумитаи телевезион ва радиои Тоҷикистон, мудири радиои ин кишварро мансуб кард.

Ба нақл аз Спутник Дилафрӯз Рӯстамова мудири нави радиои Тоҷикистон шуд.

Нуриддин Саидов раис Кумитаи радио ва телевезиони Тоҷикистон гуфт ; ин иблоғ дар 13 март ба имзо расид ва далели интихоби Дилафрӯз Рустамова як муҳақиқи ботаҷриба аст ва эҳсоси масулият мекунад.

Ӯ гуфт ; мо чандин нафарро барои ин масулият мади назар доштем аммо тасмим гирифта шуд ,ки ба ин шахс эътимод кунем.

Дилафрӯз Рӯстамова низ гуфт ; бо барномаҳои радиоӣ ошно аст ва вазифаи таъийн шуда тавассути раиси кумита тақвияти кайфияти барномаҳои радиоӣ аст.

 Ӯ изҳор кард ; ҳадафи мо афзоиши кайфияти барномаҳои радиоӣ ва бароварда кардани ниёзҳои мухотаб хоҳад буд ва тасмим гирифта шуда барномаҳои дар ҳоли пахшро ба муддати як моҳ баррасӣ ва баъд бо кӯмаки коршиносони дигар дар бораи афзоиши кайфият ва камияти барнома чораандешӣ кунем.

Дилафрӯз Рӯстамова дар 28 моҳи май 1975 ба дунё омада ва дар соли 1998 аз гурӯҳи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ( акнун TNU ) фориғутаҳсил шуд.

Пас аз фориғутаҳсилӣ, ба унвони дастёр дар гурӯҳи телевезион ва радио машғули кор шуд, сипас ба унвони мурабии гурӯҳи рӯзноманигории байналмиллалӣ, муалими аршади гурӯҳи телевезион ва радио, гурӯҳи рӯзноманигорӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мансуб шуд.

Ӯ дар январи 2020 муовини Донишкадаи рӯзноманигорӣ шуд.