Март 16, 2020 11:03 Asia/Dushanbe
  • Туркия намояндаи Гурӯҳи 24-ро озод кард

Мақомоти Туркия Насимҷон Шарифов, намояндаи Гурӯҳи 24-ро , ки фаолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст пас аз ду рӯз боздошт озод кардаанд.

Ба нақл аз саҳифаи Гурӯҳи 24 дар Фейсбук, ин дуввумин боздошти Насимҷон Шарифов дар ду соли ахир дар Туркия аст, ки ҳар ду маврид низ бо озодии вай ба поён мерасад.

Вай дар соли 2018 ба ҳамроҳи Суҳроб Сафар, раиси Гурӯҳи 24 ба дархости Додситонии кулли Тоҷикистон дар Истанбули Туркия боздошт  шуд, ки пас аз таҳқиқот, мақомоти қазоии ин кишвар ҳар дуро озод карданд.

Гуфта мешавад, ки Насимҷон Шарифов пас аз боздошт ва озодиаш дар соли 2018 дар Истанбул аз  Туркия паноҳандагии сиёсӣ дарёфт карда буд.

Гурӯҳи 24 дар соли 2012 аз сӯи Умаралӣ Қувватов, фаоли бахши хусусии Тоҷикистон пас аз фирори вай аз ин кишвар дар Русия таъсис шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2014 фаолияти ин созмонро мамнӯъ ва номи онро дар рӯйхатти гурӯҳҳои ифротӣ ворид кард.

Умаралӣ Қувватов дар моҳи марти соли 2015 дар пайи  сӯиқасд дар Туркия кушта шуд ва даҳҳо нафар аз аъзои Гурӯҳи 24 дар Тоҷикистон ва Русия боздошт ва ба зиндон маҳкум шуданд.

 

Барчасп