Муштариён дар интизори дарёфти супурдаҳои худ аз Тоҷпромбонк
Муштариёни Тоҷпромбонк ба сабаби беэътибор шудани иҷозатномаи фаъолияти ин бонк наметавонанд пулҳои худро пас бигиранд.
Ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, мизони қарзҳои ин бонк ба муштариён 59 миллион сомонӣ ( муодили 5 миллиону 900 ҳазор доллар) аст, ки дар ҳар моҳ ба онон аз 200 то 500 сомонӣ пардохт мешавад.
Аз суи дигар додгоҳи муҳокимаи Ҷамшед Зиёев-мудири ин бонк 9 моҳ аст, ки идома дорад ва мушаххас нест, ки вай чи гуна метавонад супурдаҳои молии муштариёнро баргардонад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2017 барои хурӯҷи Тоҷпромбонк аз буҳрон 450 миллион сомонӣ қарз ба ин бонк пардохт кард, вале авзоъи молии ин бонк ҳамчунон буҳронӣ боқӣ монд.
Ҳатто бо ваъдаи масъулони Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди фурӯши амволи Тоҷпромбонк ва пардохти қарзи муштариён, ин иқдом то кунун иҷро нашудааст
Аз дидгоҳи иқтисоддонони тоҷик иллати фурӯхта нашудани амволи Тоҷпромбонк ин аст, ки масъулони Бонки миллии Тоҷикистон барои ин амвол, нархҳои бисёр боло таъйин кардаанд,ки ин маблағҳо дар тавони молии харидорон нест.
Иҷозатномаи Тоҷпромбонк 3 сол аст,ки бекор шудааст.