Эъломи тақвими бозиҳои футболи Тоҷикистон
(last modified Tue, 31 Mar 2020 13:20:17 GMT )
Март 31, 2020 18:20 Asia/Dushanbe
  • Эъломи тақвими бозиҳои футболи Тоҷикистон

Федератсияи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои лиги кишварро эълом кард.

Ба нақл аз Федератсияи футболи Тоҷикистон, лиги футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои даври аввали мусобиқоти қаҳрамонии кишварро дар байни тимҳои муҳимми лиг эълом кард.

Бистунуҳумин давраи мусобиқоти футболи қаҳрамонии Тоҷикистон аз рӯзи якшанбе  5 апрел оғоз мешавад.

Ин мусобиқот дар 3 гурӯҳ ва бо ширкати  10 бошгоҳ баргузор хоҳад шуд.

Тимҳои Локомотиви Помир, Душанбе 83, Тскаи Душанбе, Хатлон, Куктош, Хуҷанд, Истиқлоли Душанбе ва Истаравшан аз муҳимтарин тимҳои футболи лиги Тоҷикистон аст.