Дархости созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дар Русия аз мақомот барои азодии шаҳрвандони хориҷии боздоштшуда
(last modified 2020-04-01T10:52:18+00:00 )
Апрел 01, 2020 15:52 Asia/Dushanbe
  • Дархости созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дар Русия аз мақомот барои азодии шаҳрвандони хориҷии боздоштшуда

Шаш созмони мудофеъи ҳуқуқи башар дар Русия аз мақомоти ин кишвар хостанд, ки шаҳрвандони хориҷии боздоштшударо озод кунанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, ин созмонҳо мӯътақиданд, ки дар миёни ин афрод коргарони муҳоҷири тоҷик низ ба чашм мехӯранд, ки бар асоси ҳукми додгоҳҳои Русия барои поймолсозии қонунҳои кор ва иқомат бояд аз ин кишвар ихроҷ мешуданд,аммо ба далели лағви парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон ва баста шудани марзҳои хориҷии Русия ба далели ҷилавгирӣ аз корона акнун ин афрод дар шароити ногувори дармонӣ ва беҳдоштӣ дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

 Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар дар Русия эълом карданд,ба ин далел, ки ҳифзи фосилаи иҷтимоӣ миёни боздоштшудагон барои дар амон мондан аз гирифторӣ ба корона дар боздоштгоҳҳои Русия имконпазир нест, беҳтар аст то замони оддӣ шудани авзоъ ҳукумати Русия ин афродро озод кунад.

Пештар Татяна Мерзлякова-масъули ниҳоди дифоъ аз ҳуқуқи коргарони муҳоҷир дар Шурои ҳуқуқи башари вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Русия эълом карда буд, ки шумори зиёде аз коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз ҷумла тоҷикҳо, ки бояд ба иттиҳоми поймолсозии қонунҳои кор ва иқомат аз ин кишвар ихроҷ мешуданд ба ҳамроҳи хонаводаҳои худ дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд.