Ҳушдори Сомон -Эйр : фиреби шайёдонро нахуред!
(last modified Sat, 04 Apr 2020 06:48:09 GMT )
Апрел 04, 2020 11:48 Asia/Dushanbe
  •  Ҳушдори Сомон -Эйр : фиреби шайёдонро нахуред!

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар сафҳаи фейсбуки худ ба шаҳрвандоне, ки дар интизори парвозҳои вижа аз Москва ба Душанбе ҳастанд ҳушдор додааст, ки гирифтори шайёдон нашванд чаро, ки ахиран афроде бо суистифода аз вазъияти мавҷуд, аз тариқи интернет хариди билети ҳавопаймои Сомон-Эйрро ба хаттсайре, ки мавҷуд нест пешниҳод мекунанд

 Ин ширкат аз шаҳрвандон хостааст, ки фиреби ин шайёдонро нахуранд чаро, ки тибқи дастури ҳавопаймои давлатии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон ҷиҳати пешгири аз шуюъи коронавирус дар байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати Сомон Эйр аз 20 марти соли ҷорӣ парвозҳои байналмиллалиии худ ба Тоҷикистонро қатъ карда ва ин ширкат фақат се парвози байни Душанбе ва Москва анҷом додааст.

Ин ширкат эълом кардааст чунончӣ парвози эҳтимоли вижаӣ дар назар бигирад аз қабл иттилорасонӣ мекунад.