Мухолифати Тоҷикистон бо дархости вакили амрикоӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи генерали зиндонии тоҷик
(last modified 2020-04-07T15:45:27+00:00 )
Апрел 07, 2020 20:45 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Тоҷикистон бо дархости вакили амрикоӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи генерали зиндонии тоҷик

Мақомоти Тоҷикистон дархости як вакили мудофеи амрикоӣ барои дифоъ аз ҳуқуқи Ғаффор Мирзоев, генерали зиндонӣ ва фармондеҳи пешини Горди раёсатҷумҳурии ин кишварро рад кардаанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбори Осиёи Марказӣ”, мақомоти додгустарии Тоҷикистон дар посух ба дархости Скотт Мартин, вакили мудофеи амрикоӣ барои баррасии дубораи парвандаи генерал Ғаффор Мирзиёев гуфтаанд, ки вукалои мудофеи хориҷӣ ба ғайр аз мавориди иқтисодӣ наметавонанд дар умури қазоии ин кишвар мудохила кунанд.

Генерал Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди раёсатҷумҳурӣ, раиси собиқи Ожонси давлатии мубориза бо маводи мухаддир ва раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар соли 2004 боздошт ва ба иттиҳоми талош барои кудато, хариди ғайримуҷози силоҳ ва муҳимот ва сӯистифода аз симмат дар соли 2006 ба зиндони абад маҳкум шуд.

Скотт Мартин, вакили мудофеи амрикоӣ ахиран ба дархости хонаводаи ин генерали зиндонии тоҷик барои бозбинии парвандаи вай ба Душанбе омад, аммо мақомоти қазоии Тоҷикистон муҷаввизи ин корро ба ӯ надоданд. Вай гуфтааст, ки аъзои хонаводаи Ғаффор Мирзоев аз мулоқот ва тамоси телефонӣ бо ӯ маҳруманд ва танҳо хоҳараш метавонад дар як сол ду бор бо бародараш дидор кунад. Ин вакили амрикоӣ ин навъи маҳдудият дар қиболи Мирзоевро муғойир бо тааҳҳудоти байналмилалии Тоҷикистон медонад.

 

Барчасп