Апрел 08, 2020 14:47 Asia/Dushanbe
  • Маҳдудиятҳои коронаӣ тавлиди алюминии Тоҷикистонро мухтал кард

Баста шудани марзҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, ба мавқеъ нарасидани маводи хом ва мушкили содироти маҳсулот, корхонаи алюминии ин кишварро бо бӯҳрони ҷиддӣ рӯбарӯ кард.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, бахши умдаи маводи хоми мавриди ниёзи ин корхона аз тариқи Эрон ва Афғонистон ворид мешуд, ки акнун ба далели баста шудани марзҳо, барои ҷилавгирӣ аз хурӯҷи коронавирус, раванди тавлиди маҳсулоти ин корхона бо мушкил мувоҷеҳ шудааст.

Ҳамчунин дар солҳои ахир маҳсулоти тавлидшуда дар корхонаи алюминии Тоҷикистон барои содирот ба бандарҳои Эрон, Гурҷистон ва Туркия мунтақил мешуд, ки ин раванд низ мутаваққиф шудааст.