Апрел 19, 2020 19:37 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти як сол ҳабс барои рӯзноманигори тоҷик

Барангехтани нафрати миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ё мазҳабӣ, иттиҳоми ин рӯзноманигори тоҷик эълом шудааст.

Абдураҳмон Шарифов, вакили ин рӯзноманигор бо эъломи ин хабар гуфт, муваккили вай феълан қасди шикоят ба додгоҳи таҷдиди назарро надорад, агарчӣ ба таври қотеъ ин иттиҳомотро рад мекунад.

Бо таваҷҷуҳ ба бархе тағйироти ахир дар раъси ҳирами қудрати сиёсии давлати Душанбе, аз ҷумла эътои раёсати Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раисиҷумҳури ин кишвар ва афви бархе аз мухолифони давлати Эмомалӣ Раҳмон, ба назар мерасад, мақомҳои давлати Душанбе бо мухолифон аз дари дӯстӣ ворид шудаанд. Дар ин миён мушаххас нест, ки чаро давлати Душанбе Далер Шарипов, рӯзноманигоре, ки собиқаи ҳамкорӣ бо ниҳодҳои вобаста ба давлати Тоҷикистонро низ даркорнома дорад, ба яксол ҳабс маҳкум кардааст.

Таҳаррукоти давлати Душанбе барои розӣ кардани мухолифон ба ҳамкорӣ бо ҳокимият ва ҳамчунин иттихози сиёсати таҳдид алайҳи бархе аз мухолифони давлат дар ҳоле аст, ки иқтисоди ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бавижа Тоҷикистон ба далели фаъолияти вируси хатарноки корона дар сатҳи ҷаҳон ва минтақа ба шиддат осебпазир шудааст. Дар ҳамин иртибот, Dennis Bardakaf, коршиноси барҷастаи Қирғизистон, мӯътақид аст, нирӯи инсонӣ яке аз муҳимтарин манобеи даромади ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, ба хусус Тоҷикистон ва Қирғизистон аст. Чаро, ки шаҳрвандони ин кишварҳо, ки дар Русия, Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Туркия машғул ба кор ҳастанд ва солона беш аз 2 миллиард долларро ба кишвари худ ирсол мекунанд, ба далели қарантина, ин даромадҳо мутаваққиф шудааст.  

Бадеҳист, ки дар шароити иқтисодии короноӣ, таҳаррукоти шитобонаи давлати Душанбе аз ояндае на чандон дӯр ва вижа хабар медиҳад. Дар ин замина, бояд гуфт, аз ибтидои соли ҷории милодӣ, давлати Душанбе сиёсати ҷадиде дар қиболи мухолифони давлат иттихоз кардааст. Ба унвонии мисол, Собир Валиев ва Додоҷон Атовуллоев ду тан аз мухолфони фаъоли давлати Эмомалӣ Раҳмон дар хориҷ аз Тоҷикистон ҳастанд, ки мавриди афв қарор гирифтаанд.

Собир Валиев дар гуфтгӯи мустақим дар шабакаи Фейсбук, эълом кард, аз сӯи мақомҳои қазоии Тоҷикистон мавриди афви давлати Душанбе қарор гирифтааст ва акнун дар пойтахт ба сар мебарад ва қасд дорад, аз сиёсат канорагирӣ кунад ва ба тиҷорат машғул шавад.

Валиев дар ҳоле афв шудааст, ки вай пеш аз ин муовини раиси "Гурӯҳи 24" маҳсуб мешуд. Ӯ аз соли 2015 ба иттиҳоми узвият дар ин гурӯҳ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ буд, таҳти пайгарди пулиси байналмилал қарор дошт.

Гумоназаниҳои бархе аз расонаҳои Душанбе ҳокӣ аз он аст, ки дӯстии Валиев бо Рустами Эмомалӣ далели афви ин сиёсатмадори ҷавони тоҷик будааст. Бо вуҷуд ин, давлати Душанбе пеш аз афви Валиев, Атовуллоев, раиси созмони "Ватандор"-ро низ дар авохири моҳи декабри соли 2019 мавриди афв қарор дод. Вай дар посух ба саволе дар маврди мавқеияти сиёсии худ гуфтааст: "Замон он аст, ки чӣ мухолифон ва чӣ мувофиқони давлати Душанбе, барои рушди Тоҷикистон ва иртиқои озодӣ мубориза кунанд".

Дар муқобили ин ду рӯйдоди муҳим ва ҳоизи аҳаммият, ки нишондиҳандаи талоши давлати Душанбе барои канор омадан бо мухолифон аст, мавзӯи лату куби Илҳомҷон Ёқубов, раҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо ва ҳамчунин ҳабси яксолаи Далер Шарипов қарор дорад. Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ як ташкилоти сиёсии мухолифи давлати Душанбе дар табъид аст, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъол аст.

Далер Шарипов низ як рӯзноманигори фаъоли тоҷик аст, ки дар гузашта ба унвони рӯзноманигор дар ҳафтаномаи "Озодагон" ва шабакаи давлатии телевизиони "Сафина" фаъолият дошта, қасди шикоят ба раъйи содиршуда алайҳи худро дар додгоҳи таҷдидиназар надорад.

Дар маҷмӯъ, бо таваҷҷуҳ ба бархе мулоҳизот назири тарҳи эҳтимолии масъалаи ҷонишинии Рустами Эмомалӣ ба ҷойи Эмомалӣ Раҳмон дар раъси қувваи муҷрия ва баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ояндаи милодӣ, бояд гуфт, давлати Душанбе тайи ҳафтаҳо ва моҳҳои оянда ҳамаи масо)талош)-и худро ба кор хоҳад гирифт то аз мизони эътирозҳои мухолифони давлат дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон бикоҳад.

 

Барчасп