Апрел 23, 2020 09:17 Asia/Dushanbe
  • Тавсияҳои Шурои уламои исломии Тоҷикистон дар моҳи мубораки Рамазон

Мудири шуъбаи судури фатво дар Шурои уламои исломии Тоҷикистон бар зарурати рӯзагирифтан, иқомаи намоз дар хона барои пешгири аз густариши Карона таъкид кард.

Ба нақл аз сомонаи Парсс,Ти ,Ҷи, Ҷамолиддин Хомушӣ гуфт ; баста шудани амокини умумӣ бахусус масҷидҳо дар Тоҷикистон ба иллати пешгири аз густариши Карона, монеъе барои рӯза нагирифтани мардуми кишвар ва иҷро накардани аъмоли мазҳабӣ дар моҳи Рамазон нест.

Ба далели баста шудани масҷидҳо ва марказҳои ибодии мусалмонон дар бештари кишварҳои исломӣ мақомоти Тоҷикистон низ бо ҳадафи пешгири аз бемории Карона ва риояти беҳдошти мардум маҷбур шуд аз ин иқдом табаъият кунанд.

Мудири шуъбаи судури фатво дар Шурои уламои исломии Тоҷикистон афзуд ; ба мардуми мусалмони Тоҷикистон тавсия мешавад,ки намозро дар хона иқома кунанд.

Ӯ афзуд ; мардум бояд дигар аъмоли моҳи Рамазонро низ дар хонаҳо иҷро кунанд ва безарурат аз манзил хориҷ нашаванд.

Дар Тоҷикистон ҳамонанди дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷумъа 25 апрел аввали моҳи  мубораки Рамазон аст.

Барчасп