Таътилии мактабхои Тоҷикистон ба далели пешгирӣ аз шуюи бемории корона
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i53090-Таътилии_мактабхои_Тоҷикистон_ба_далели_пешгирӣ_аз_шуюи_бемории_корона
Вазорати маориф ва улуми Тоҷикистон эълом кард, таътилҳои мактабӣ дар кишвар ба далели пешгирӣ аз шуюи бемории корона замони муносибе барои худомӯзи ва омодагии донишомӯзон барои ширкат дар имтихонот аст.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Апрел 27, 2020 13:25 Asia/Dushanbe
  • Таътилии мактабхои Тоҷикистон ба далели пешгирӣ аз шуюи бемории корона

Вазорати маориф ва улуми Тоҷикистон эълом кард, таътилҳои мактабӣ дар кишвар ба далели пешгирӣ аз шуюи бемории корона замони муносибе барои худомӯзи ва омодагии донишомӯзон барои ширкат дар имтихонот аст.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник,бо таътил шудани мактабҳои Тоҷикистон аз 27 апрел то 10 май ,ба донишомӯзон эълом шуд, ки мавзӯъҳои дарсҳои онҳо ба сурати ғайрихузурӣ тавассути шабакаи Баҳористон пахш карда мешавад ва онҳо метавонанд дарсҳои худро аз ин шабака пайгирӣ ва тамошо кунанд. Вазорат маорифи Тоҷикистон инчунин аз ҳама волидон даъват кард, ки фаъолияти донишомӯзони худро дар рӯзҳои истироҳат назорат кунанд, то онҳо вақтро аз даст надиҳанд. 

Ҷалолиддин Амиров директори калони раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи Вазорати маорифи Тоҷикистон, гуфт: дар ин шароити изтирорӣ бояд ба саломатии донишомӯзони мактаб бештар аз гузашта таваҷҷуҳ шавад ва ин таътилот мавқеияти муносибе аст то ҳама битавонанд барои имтиҳоноти оянда омода шаванд. У афзуд:ҳуқуқи муаллимон дар айёми таътилоти муваққат ҳеҷ тағйире нахоҳад кард ва  ба таври комил пардохт мешавад.