Инкори шуюи бемории корона дар Тоҷикистон ва маҳрум шудани ин кишвар аз дарёфти кумакҳои байналмилалӣ
(last modified 2020-04-28T09:14:15+00:00 )
Апрел 28, 2020 14:14 Asia/Dushanbe
  • Инкори шуюи бемории корона дар Тоҷикистон ва маҳрум шудани ин кишвар аз дарёфти кумакҳои байналмилалӣ

Раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон бо инкори шуюи бемории корона, кишварро аз кумаки созмонҳои ҷаҳонӣ маҳрум карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Азия плюс, Раҳматулло Зойиров дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, мақомоти давлатӣ наметавонанд бозӣ ва шухии худро бо ин вирус идома диҳанд. Вай гуфт: се моҳ аст ки вируси корона дар Тоҷикистон шуюъ пайдо карда ва ду марҳила аз густариши вирусро пушти сар гузоштаем ва акнун вориди марҳилаи саввуми шуюи беморидар кишвар ҳастем.

Ба гуфтаи вай, марҳилаи аввали шуюи беморӣ дар январ буд, ҳангоме, ки дар миёни корофариноне, ки аз Чин боздид мекарданд онҳо ба корона мубтало шуданд.

Зойиров менависад: "Аммо ин воқеият, ки насли қадимии тоҷикҳо ба гардишгарӣ алоқа надоранд ва муҳоҷирони коргар дар Федератсияи Русия  боқӣ монданд, ба нафъи кишвар шуд ва Тоҷикистон тавонист марҳилаи аввали бемориро пушти сар бигузорад."

Ба гуфтаи вай, марҳилаи дуюм пас аз эъломи ин беморӣ дар Тоҷикистон бо бозгашти мардум аз Ҳаҷ ва манотиқи дигар оғоз шуд.

У гуфт: бовуҷуди қарантинаи афроде, ки аз хориҷ ба кишвар бозгаштанд , вале баъзеҳо тавонистанд бо роҳҳои мухталиф аз қарантина фирор карда дигаронро олуда карданд ва ин боис шуд, ки акнун илтиҳоби шуш ва бархе бемориҳои танаффусиии дигар дар кишвар шуюъ пайдо кунад. Ба гуфтаи вай, вуҷуди фарди мубтало ба вируси корона дар кишвар ифтихор барои муттахасисони пизишкӣ ва давлат нест.

Вай гуфт: акнун мо дар марҳилаи ҷадиди бемории корона қарор дорем.

Роҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон афзуд: мақомот бо такзиби шуюи корона кишварро аз кумакҳои фаврӣ маҳрум карданд. 

Зойиров таъкид кард, ки лозим аст иқдомоти фаврӣ ва амалиёти монанди озмоиши ройгон барои шиносоии беморон ва пешгири аз шуюи бештари беморӣ дар кишвар иҷро шавад. 

Барчасп