Апрел 28, 2020 18:47 Asia/Dushanbe
  • Дархости падари Далер Шарифов аз масули ҳуқуқи башари ҳукумати Тоҷикистон

Падари Далер Шарипов рӯзноманигори ба як сол зиндон маҳкумшудаи тоҷик аз масули ҳуқуқи башари ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, ки дастрасӣ ба хадамоти пизишкии тахассусӣ ва муоинаи вайро таъмин намояд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба наҷл аз сомонаи Tajwick, Абдуманнон Шарифов гуфтааст, ки писараш дар зиндон аз бемории қалбӣ ранҷ мебарад ва ниёз ба муоинаи муттахасисон дорад.

Вай ҳамчунин аз навиштани нома ба раиси созмони зиндонҳои Тоҷикистон бо ҳаддафи қалби кумаки ин ниҳод барои дастрасии Далер Шарифов ба хадамоти дармонӣ хабар дод.

Далер шарифов собиқаи бемории қалбӣ дорад ва борҳо таҳти дармон қарор гирифтааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе чанде қабл Далер Шарифов рӯзноманигори 32 сола ва шинохташудаи ин кишварро ба ҷурми барангехтани нафрати миллӣ, нажоди, маҳаллӣ ё мазҳабӣ ба муддати як сол маҳкум ба зиндон кард.

Шарифов тамоми иттиҳомотро рад кардааст.

Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар, созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва созмони хабарнигорон бидуни марз бо сохтагии хондани иттиҳомот алайҳи Далер Шарифов аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки вайро бидуни қайду шарт озод кунанд.

  

Барчасп