Апрел 28, 2020 20:12 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии коҳиши 50 дар сади даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Россия

Иқтисодшиноси тоҷик мӯътақид аст, ки бинобар бастани марказҳои истеҳсолӣ ва саноатии Русия пас аз паҳн шудани коронавирус, даромаде, ки муҳоҷирони тоҷик ба кишварашон мефиристанд, 50% кам хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Зулфиқор Исмоилиён бо ишора ба пешбинии Бонки ҷаҳонӣ дар бораи коҳиши 20 дар сади даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Россия гуфтааст, ки ин коҳиш 50 дар сад хоҳад буд.

Акнун ҳама марказҳои саноатӣ, тиҷоратӣ ва сохтмонии Русия, ки дар онҷо аксари коргарони тоҷик кор мекарданд, баста шуданд ва ҳеҷ замоне барои барқарор кардани фаъолияти ин марокиз таъин нашудааст. 

Кам кардани даромади солонаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия маънои уфти тавони харидидории оилаҳоро хоҳад дошт ва дар дохили Тоҷикистон барои муҳоҷирони кории бекор пас аз бозгашт ба ватан худ кор пайдо намешавад.

Зулфиқори Исмоилиён бар ин назар аст, ки ҳатто 20 дарсад коҳиш ёфтани даромади муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия маънои коҳиши 50 дарсади бозори дохилии Тоҷикистон хоҳад буд.

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар соли 2019 аз Русия ба кишварашон 2 миллиарду 700  миллион доллар фиристодаанд.

Барчасп