Апрел 29, 2020 13:01 Asia/Dushanbe
  • Баррасии таътилии Донишгоҳҳои Тоҷикистон

Вазорати маориф ва улуми Тоҷикистон мавзуи таътилии зудтари Донишгоҳҳо ва мурахас кардани донишҷуёнро дар дасти баррасӣ дорад.

Ба нақл аз сомонаи Тоб Ти Ҷи , Эҳсон Хушвақт сухангуи ин Вазорат эълон кардааст ,ки дар ин маврид таи ду рӯзи оянда тасмимгири хоҳад шуд.Теъдоде аз раисони Донишгоҳҳои Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номи хеш гуфтанд ,ки ҷадвали таътилии ин марказҳои омӯзиши ва наҳваи гирифтани озмун аз донишҷуён тадвин шуда ва дар ихтиёри онон қарор гирифтааст.

Бо ин ҳол бархе аз донишҷуён дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд ,ки  озмунҳои поёнтермӣ аз аввали моҳи май оғоз меёбад ва то ду ҳафтаи дигар тамоми Донишгоҳҳо таътил мешавад.

Солҳои пеш Донишгоҳҳои Тоҷикистон охирҳои моҳи Июн таътил ва аввали моҳи сентиябр бо оғози соли таҳсилии нав бозкушоӣ мешуданд ,ки имсол бо таваҷуҳ ба густариши вируси Корона ин иттифоқ зудтар хоҳад афтод.

Вазорати маориф ва улуми Тоҷикистон рӯзи 26 апрели ҷорӣ ба манзури пешгири аз густариши вируси Корона тамоми мактабҳои ин кишварро таътил кард.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегуянд,ки то рӯзи 29 апрел ҳеҷ мавриди мубтало шудани афрод ба вируси Корона дар ин кишвар мушоҳида нашуда аммо мавориди фавти сокинон бар асари илтиҳоби шуш ба вижа дар шимол афзоиш ёфтааст.

Барчасп