Май 02, 2020 19:21 Asia/Dushanbe
  • Беморхонаҳои муваққатӣ дар шаҳри Душанбе барпо мешавад

Пас аз таъиди вуҷуди вируси корона дар Тоҷикистон, шаҳрдори пойтахт дастури таъсиси беморхонаҳои муваққатиро дар шаҳри Душанбе содир кард.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, дар пайи эъломи Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи қатъӣ будани ибтилои 32 нафар ба КОВИД-19 дар ин кишвар, Рустами Эмомалӣ дастури таъсиси беморхонаҳои муваққатиро дар шаҳри Душанбе бо се ҳазор кати хоб содир кард.

Гуфта мешавад, ки аз ин 32 нафар бемори гирифтор ба вируси корона, 17 нафар дар шаҳри Душанбе, 10 маврид дар вилояти Суғд ва панҷ нафар низ дар навоҳии тобеи маркази Тоҷикистон шиносоӣ шудаанд.

Шаҳрдори Душанбе ба Идораи тандурустии пойтахти Тоҷикистон дастур додааст, ки аз ҳисоби имконоти дохилӣ ва истифода аз сохтмонҳои муносиб ба таври сареъ заминаи фаолияти беморхонаҳои муваққатӣ барои се ҳазор нафарро фароҳам созанд.

Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Душанбе 30 беморхона бо панҷ ҳазору 284 кати хоб  ва панҷ ҳазору 390 пизишк ва мутахассис фаолият мекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз омодасозии бахше аз сохтмони Намоишгоҳи байналмиллалии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои пазириши беморони гирифтор ба вируси корона хабар додаанд.

 

Барчасп