Май 05, 2020 11:57 Asia/Dushanbe
  • Низоми ройгони хадамоти дармонӣ муносибтарин равиш барои пешгирӣ аз шуйюи корона

Коршиноси сиёсии тоҷик муътақид аст, ки низоми ройгони саломат беҳтарин равиш барои пешгирӣ аз шуйюи корона дар кишварҳо аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвик, Шодӣ Шабдолов бо ишора ба таҷрибаи Чин, Узбакистон ва Беларус, ки бо доштани низоми ройгони хадамоти дармонӣ тавонистанд дар пешгирӣ аз шуйюи корона муваффақ амал кунанд гуфт: Набуди низоми хадамоти дармонии ройгон дар Амрико ва фосилаи табақотии зиёд (фосилаи зиёд байни қишри фақир ва сарватманд) аз далелҳое буд, ки ин кишвар натавонист аз шуйюи корона ҷилавгирӣ кунад.

Вай бо маҳкум кардани иддаои раиси ҷумҳури Амрико алайҳи Чин, ки Пекинро сарчашмаи густариши корона дар ҷаҳон муаррифӣ кард афзуд: Пас аз поёни ҳамагирии корона Амрико ба кишвари қарздортар аз қабл табдил хоҳад шуд.

Шодӣ Шабдолов муътақид аст, ки пас аз буҳрони корона евро, рубли русӣ ва юани Чин ҷойгузини доллар хоҳанд шуд, ки ин ба маънии поёни султаи Амрико дар дунё аст.