Зарурати ислоҳоти сохторӣ дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус
(last modified Mon, 11 May 2020 04:27:18 GMT )
Май 11, 2020 09:27 Asia/Dushanbe
  • Зарурати ислоҳоти сохторӣ дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус

Вазири нави тандурустии Тоҷикистон нахустин нишасти масъулони ин вазоратхонаро барои баррасии вазъи муқобила бо густариши коронавирус баргузор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, дар ин ҷаласа, Ҷамолиддин Абдуллозода ба ҳамроҳи муовинон ва бархе кормандони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз раванди густариши коронавирус дар Тоҷикистон, вазъи марказҳои дармонӣ, таъмини кадри пизишкӣ бо либос ва лавозими ҳифозатӣ, авзоъи дору ва мушкилоти мавҷуд дар таъмини он огоҳ шуданд.

Абдуллозода, ки ба тозагӣ дар пайи барканории Насим Олимзода ба симати вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мансуб шудааст, ислоҳоти сохторӣ дар вазорати тандурустиро барои муқобилаи муассир бо коронавирус  ва бемории КОВИД-19 хостор шуд.

Шодихон Ҷамшед- муовини вазири тандурустии Тоҷикистон низ дар ин ҷаласа пешниҳод кард, ки кори дармони беморони мубтало ба коронавирус дар хонаҳои онон таҳти назорати пизишкон тақвият шавад.

Вай бо ишора ба шикояти мардум аз боло будани нархи дору ва таърафаи муойинаи беморон бо дастгоҳҳои радиология ва ситискан, таҷдиди назар дар ин таърафаҳо ва нархҳоро хостор шуд.

Дар ин нишаст ҳамчунин дар бораи камбуди кадри дармонӣ, омодасозии маконҳои нав барои пазириши беморони олуда ба коронавирус, эҷоди бонки воҳиди иттилоотӣ дар бораи пизишкон ва кумаки молӣ ба хонаводаҳои пизишкон ва ҳамшираҳои шафқати фавтида баҳс ва табодули назар шуд.