Май 11, 2020 12:54 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди табдили бинои собиқи Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба бемористон

Ба далели густариши коронавирус ва камбуди маконҳои дармонӣ дар Тоҷикистон пешниҳоди табдили бинои собиқи Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба бемористон матраҳ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Pressa.tj, Рустам Азизи- корманди Кумитаи давлатии умури дин ва танзим ва ҷашн ва маросими Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ба ҷойи сохти бемористонҳои нав ва ҳазина кардани манобеи молии калон беҳтар аст сохтмони бинои собиқи Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон муҷаҳҳаз ва ба бемористон барои дармони мубталоён ба коронавирус табдил гардад.

Бар асоси тарҳи бозсозии шаҳри Душанбе бояд бинои собиқи Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон тахриб шавад, аммо ба гуфтаи оқои Азизи, то замони оғози тахриби ин сохтмон ва дар шароити густариши коронавирус метавон дар муддати кӯтоҳ ин маконро ба бемористон табдил кард.

Вай афзудааст: Дар ҳоли ҳозир шабакаи обу барқи ин бино фаол аст ва дар вазъияти муносибе қарор дорад.

Ахиран шаҳрдории Душанбе ба иллати афзоиши теъдоди беморони мубтало ба КОВИД-19 тасмим гирифтааст, ки се сохтмони ниматамоми пойтахти Тоҷикистонро ба бемористон табдил кунад.

 

Барчасп