Май 18, 2020 10:40 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистон дар пайи густариши коронавирус

Як мудири баландпоя дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон коҳиш ду дарсадии рушди иқтисоди ин ҷумҳуриро дар соли ҷорӣ пешбинӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Шавкат Вализода- мудири Идораи дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистон дар вазорати рушди иқтисод ва савдо гуфтааст, ки имсол дар пайи густариши коронавирус мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон ба ҷои 7.8 дарсади пешбинишуда ба 5.8 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

Вай аз кунд шудани рушди иқтисоди Русия ва Чин ба унвони шарикони муҳими Тоҷикистон, коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷир, таътилии корхонаҳо ва марокизи тиҷорӣ ва тавлидӣ, бахши гардишгарӣ, ҳамлу нақли ҳавоӣ ва хадамоти меҳмонхонаҳо ба унвони авомили муҳими кунд шудани рушди иқтисоди Тоҷикистон ёд кардааст.

Ба гуфтаи Вализода то рӯзи 13 моҳи май нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ 17 дарсад ва алюминий 18 дарсад дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли пеш коҳиш ёфтааст, ки ин раванд зиёни зиёде ба даромадҳои молии ҳосил аз содироти ин ду маҳсули муҳими Тоҷикистон ворид хоҳад кард.

Мудири Идораи дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистон дар вазорати рушди иқтисод ва савдои ин кишвар таъкид кардааст, ки густариши коронавирус муҷиби коҳиши бахши даромадии будҷети ҳукумат ва сармоягузорӣ дар иқтисод ва тиҷорат, сохту соз, тарҳҳои зербиноии Тоҷикистон ба мизони панҷ то 11 дарсад низ хоҳад шуд.

 

Барчасп