Май 19, 2020 09:01 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти 4 пизишки тоҷик тайи рӯзҳои ахир

Манобеи мустақили хабарӣ аз фавти 4 пизишки тоҷик тайи рӯзҳои ахир хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, гуфта мешавад, ки ин пизишкон беморони мубтало ба коронавирусро дар бемористонҳои шаҳри Душанбе дармон мекарданд, ки худи онҳо бар асари ибтило ба ин беморӣ фавт карданд.

Зоир  Асомиддинов, Иматшоҳ Сайфуллоев, Икром Малангов ва Силталӣ Алидодхонов  4 пизишки фавтидае ҳастанд, ки бархе аз онон дар Донишгоҳи улуми пизишкии Абуалӣ ибни Синои Тоҷикистон дарс медоданд.

Ин дар ҳоле аст, ки манобеи мустақили хабарӣ номи 32 пизишки тоҷикро мунташир карданд, ки бар асари бемории коронавирус ҷони худро аз даст доданд.

Аммо теъдоде аз сомонаҳои хабарӣ эълом карданд, ки теъдоди пизишкони фавтида дар Тоҷикистон аз замони шуйюи коронавирус то кунун 50 нафар аст.