Фавти 14 муҳоҷири афғонистонӣ дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 26 May 2020 04:45:23 GMT )
Май 26, 2020 09:45 Asia/Dushanbe
  • Фавти 14 муҳоҷири афғонистонӣ дар Тоҷикистон

Аз замони шуйюи коронавирус дар Тоҷикистон 14 афғонистонии муқими ин кишвар фавт карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, ин хабарро Абдулмусаввири Баҳодурӣ, раиси ҷамъияти муҳоҷирини Афғонистон дар Тоҷикистон мавсум ба "Ориёно" дар суҳбат бо сомонаи Спутник, эълом ва гуфт: Ҳамаи фавтидагон дар оромгоҳи Теппаи Роҳатӣ ба хок супурда шуданд.

Ба гуфтаи Баҳодурӣ пизишкон иллати марги бештари ин афродро илтиҳоби шуш ва бархеро ҳам мушкили қалбӣ ва диабет (касалии қанд) эълом карданд.