Май 26, 2020 18:29 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти узви раёсати олии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар зиндон

Манобеи наздик ба хонаводаи Абусаттор Бобоев узви раёсати олии ҳизб дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломӣ аз даргузашти вай дар зиндони шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи  ахбори Осиёи марказӣ, Абдусаттор Бобоев 66 сола, ки дар зиндони шаҳри Хуҷанд давраи маҳкумияти 11 солаи худро мегузаронд, имрӯз бар асари беморӣ даргузашт.

Мақомоти зиндони Хуҷанд иллати даргузашти вайро мушкилоти қалбӣ эълом кардаанд, аммо наздикони Бобоев мегӯянд, ки чанд рӯз қабл, аз гирифтор шудани вай ба вируси корона иттилоъ ёфта буданд ва ба эҳтимоли қавӣ иллати даргузашти Абдусаттор Бобоев Ковид-19 мебошад.

Абдусаттор Бобоев дар соли 2015 ба иттиҳоми даст доштан дар шуриши генерал Абдуҳалим Назарзода муовини вақти вазири дифои Тоҷикистон боздошт ва ба 11 сол зиндон маҳкум шуд.

Бобоев ин иттиҳомро напазируфта ва онро сохтагӣ дониста буд.

Барчасп