Ҷилавгирӣ аз тараддуди бидуни моски кӯдакон дар пойтахти Тоҷикистон
Июн 11, 2020 13:31 Asia/Dushanbe
Аз тарадуди кӯдакон бидуни моск дар маконҳои умумии Тоҷикистон ҷилавгирӣ мешавад.
Тимҳои вижаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иҷрои тарҳи мавсум ба “Наврас” –ро аз 10 июн дар шаҳри Душанбе, пойтахти ин кишвар оғоз карданд, ки ҳадаф аз он ҷилавгирӣ аз тараддуди бидуни моски кӯдакон дар кӯчаву хиёбонҳо аст.
Ба гузориши дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, аз оғози ин тарҳ ба 93нафар аз волидайн, ки фарзандони худро бидуни моск ба амокини умумӣ оварда буданд, тазаккур дода шуд.
Ҳамчунин 8 кӯдак низ ба бахши вижаи умури ноболиғони ин вазоратхона мунтақил шуданд.