Тавсияҳои Тоҷикстандарт ба машоғили хадамотӣ дар давраи хурӯҷи коронавирус
Июн 13, 2020 12:05 Asia/Dushanbe
Агентии Тоҷикстандарти Тоҷикистон, барои ҷилавгирӣ аз хурӯҷи коронавирус дар кишвар шеваномае таҳия кард.
Ин шеванома барои ороишгоҳҳои занона ва мардона таҳия шуда ва ҳовии тавсияҳои хосе перомуни риояти муқаррароти беҳдоштӣ аст.
Ҳамчунин ба манзури ҳимоят аз ширкатҳои тавлидкунандаи ниқоби муҳофизатӣ ва либосҳои муҳофиз, дастуруламале ҳам барои коркунони ин ширкатҳо таҳия шуда, ки барои мудирони воҳидҳои тавлидӣ ирсол шудааст.