Июн 16, 2020 19:07 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммӯи дубораи сокинони ноҳияи Рушони вилояти Бадахшон

Теъдоде аз сокинони ноҳияи Рушони вилояти Бадахшон пас аз ҳал нашудани мушкилашон бо кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дубора таҷаммӯи эътирозӣ баргузор карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТопТи Ҷи, ин афрод гуфтаанд, ки музокироти қаблӣ бо маъмурони кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва ваъдаи Ёдгор Файзов, раиси вилояти Бадахшон барои ҳалли ихтилофи сокинони ноҳияи Рушон ба ҷое нарасидааст.

Мақомоти амниятии минтақа мӯътақиданд,   якчанд сокини ноҳияи Рушон, ки ҳангоми боздошти теъдоде аз аъзои гурӯҳҳои мухолифи собиқи ҳукумат монеътарошӣ карда ва раиси идораи амнияти миллии ин минтақаро захмӣ кардаанд, бояд худро таслим кунанд.

Аммо сокинони ноҳияи Рушон мегӯянд, ки Ёдгор Ғуломҳайдаров ва теъдоде аз аъзои гурӯҳҳои мухолифи собиқи ҳукумат ҷурме муртакиб нашудаанд, ки боздошт шаванд.

Мақомоти амниятӣ таҳдид кардаанд, ки дар сурати худдории сокинон аз таслими афроди гумонбар ба монеътарошӣ ҳангоми амалиёти неруҳои амниятӣ, барои боздошти аъзои гурӯҳҳои мухолифи собиқи ҳукумат алайҳи 109 нафар парвандаи ҷиноятӣ ташкил хоҳанд кард.

Барчасп