Июн 17, 2020 19:19 Asia/Dushanbe
  • Барқарории дубораи парвозҳои Тоҷикистон бо Узбакистон ва Иморот аз аввали июл

Ситоди муқобила бо вируси корона дар Тоҷикистон барои барқарории дубораи парвози ҳавопаймоҳои мусофирии ин кишвар бо Узбакистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз аввали моҳи июли соли ҷорӣ муҷаввиз дод.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс, мусофирони ин парвозҳо бояд гувоҳиномаи таъйидшудаи мубтало нашудан ба вируси коронаро ба ҳамроҳ дошта бошанд, ки дар акси ҳол аз савор шудани онон ҷилавгирӣ хоҳад шуд.

Ҳамчунин ба созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки мавзӯи барқарории дубораи парвозҳо бо Русия, Чин ва Туркияро маврид баррасӣ қарор диҳад.

Парвозҳои хориҷӣ аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон аз 20 моҳи марти соли ҷорӣ ба далели густариши вируси корона қатъ шуд.

Аммо чанд бор барои хориҷ кардани атбои Тоҷикистон аз теъдоде аз кишварҳои хориҷӣ ва интиқоли таҷҳизоти пизишкӣ ба бемористонҳои ин кишварпарвозҳои чартерӣ аҷом шудааст.

Ҳамчунин ситоди муқобила бо вируси корона дар Тоҷикистон баргузории ҷашнҳои арӯсиро бо ҳузури 100 нафар бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ, ки ба далели густариши вируси корона мамнуъ шуда буд, муҷоз донист.

 

 

 

 

Барчасп