Июн 17, 2020 20:45 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли севумин бахши кумакҳои башардӯстонаи Чин ба Тоҷикистон

Сафорати Чин дар Душанбе аз таҳвили севумин бахши кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар ба Тоҷикистон барои муқобила бо вируси корона хабар дод.

Сафорати Чин дар Душанбе аз таҳвили севумин бахши кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар ба Тоҷикистон барои муқобила бо вируси корона хабар дод.

Бар асоси ин гузориш, ин маҳмулаи башардӯстона 9.4 тоннии Чин, шомили 50 ҳазор кити ташхис, 19.2 ҳазор либоси муҳофизатӣ, 5 ҳазор ниқоби пизишкии навъи №95 ва 500 ҳазор моски ҷарроҳӣ мебошад.

Пас аз шуюъи вируси корона дар Тоҷикистон тарафи чинӣ тамоми кумакҳои мумкинро ба ин кишвар ироа кардааст.

Азҷумла, коршиносони ду кишвар дар дидорҳои видеоӣ дар заминаи мубориза бо бемории корона табодули таҷриба ва як гурӯҳи муштарак аз пизишкони ҳирфаии чинӣ барои кумак ба ҳамтоёни тоҷики худ, барои муқобила бо корона ба ин кишвар эъзом шуда буданд.

 

 

 

 

Барчасп