Воридот ба Тоҷикистон ду баробари содирот
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i54734-Воридот_ба_Тоҷикистон_ду_баробари_содирот
Бино бар эъломи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар панҷ моҳи нахусти имсол воридоти ин кишвар беш аз ду баробари содироти он будааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 22, 2020 12:16 Asia/Dushanbe
  • Воридот ба Тоҷикистон ду баробари содирот

Бино бар эъломи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар панҷ моҳи нахусти имсол воридоти ин кишвар беш аз ду баробари содироти он будааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Avesta, мақомоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин кишвар дар панҷ моҳи нахусти имсол ба маблағи 598 миллиону 400 ҳазор доллар содирот ва як миллиарду 273 миллиону 500 ҳазор доллар воридот доштааст.

Мақсади асосии содироти ин кишвар таи ин муддат Швейтсария, Туркия, Қазоқистон, Узбакистон ва Афғонистон будааст.

Бар ин асос аз Тоҷикистон ба таври асосӣ алюминийи аввалия, маводи хоми маъданӣ, филизҳои гаронбаҳо, меваҳои хушк ва нахи пахта ба кишварҳои хориҷӣ содир шудааст.

Дар панҷ моҳи нахусти имсол содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Швейтсария ба беш аз 303 миллион доллар расидааст.

Дар ин муддат Русия бо беш аз 420 миллион доллар мубодилоти тиҷорӣ бузургтарин шарики тиҷории Тоҷикистон боқӣ мондааст.

Ҳамчунин дар ин муддат мизони воридоти Тоҷикистон аз Русия 31.9 дарсад, Қазоқистон 24.7 дарсад ва Чин 13.7 дарсадро ташкил кардааст.