Июн 22, 2020 20:11 Asia/Dushanbe
  • Барқарории 6 парвоз дар ҳафта аз Душанбе ба Париж

Мақомоти Тоҷикистон ва Фаронса тавофуқномаи барқарории парвози байни Душанбе ва Парижро имзо карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Вебгоҳи Ожонси ҳавопаймоии кишвари Тоҷикистон, Фаронса ба 27-умин кишваре аст, ки Тоҷикистон бо он

таъсиси нақлиёти ҳавоии мусофирбарро имзо кардааст.

Субҳонзода, директори Агентии миллии авиатсионии Тоҷикистон гуфт, Шӯрои авиатсионии Тоҷикистон бо ҳукумати Фаронса як созишномаи алоқаи ҳавоӣ тасдиқ кардааст. Субҳонзода илова кард: "Имзои ин созишнома заминаи мусоид барои барқарор кардани муносибатҳои ду кишварро дар соҳаҳои гуногун фароҳам меорад." "Созишнома инчунин шароити мусоидро барои ҷалби сайёҳон ва сармоягузорон аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо фароҳам меорад", гуфт директори Агентии Тоҷик Эйр.