Нахустин парвози Тоҷик-Эйр аз Душанбе ба Бадахшон пас аз 16 моҳ
Ширкати ҳавопаймоии Тоҷик-Эйр рӯзи сешанбе нахустин парвози худро бо 16 мусофир аз Душанбе ба Бадахшон пас аз 16 моҳ таваққуф аз Душанбе ба шаҳри Хоруғи Бадахшон анҷом дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл сомонаи Спутник, Шукрихудо Додихудо- халабони ҳавопаймои Ан-28 гуфтааст, ки бо афзоиши теъдоди мусофирон заминаи парвозҳои бештари ширкати Тоҷик-Эйр аз Душанбе ба мақсади Хоруғ дар оянда фароҳам хоҳад шуд.
Қаблан бархе аз фаолони шабакаҳои иҷтимоӣ аз гарон будани нархи чиптаи ҳавопаймо дар масири Душанбе-Хоруғ, ки 900 сомонӣ эълом шудааст, интиқод карда буданд.
Бо ин ҳол ба далели тулонӣ ва кӯҳистонӣ будани масири заминии Душанбе-Хоруғ, ки 16 то 17 соат замон мебарад, теъдоде дигаре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ интиқоли беморон, кудакон ва афроди куҳансолро бо ҳавопаймо аз Хоруғ ба Душанбе муносиб медонанд.
Шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар баландии ду ҳазору 200 метрии сатҳи баҳр воқеъ шудааст ва ба далели вуҷуди кӯҳистонҳои баланд дар масири Душанбе ба ин минтақа танҳо ҳавопаймоҳои Як-40 ва Ан-28 метавонанд ба ин минтақа парвоз кунанд чаро, ки ҳавопаймоҳои Боинг тавони парвоз ба ин минтақаи кӯҳистониро надоранд.