Июн 25, 2020 09:07 Asia/Dushanbe
  • Шикояти Зоиров аз афзоиши фишор ба аъзои Ҳизби Сотсиал демакрати Тоҷикистон

Раиси Ҳизби Сосиал демакрати Тоҷикистон аз афзоиши фишор ба аъзои ин Ҳизб ибрози нигарони кард.

Ба нақл аз саҳифаи Раҳматиллоҳ Зоиров дар ФЕССБУК , вай гуфт ; таи моҳҳои ахири аъзои Ҳизби Сосиал демократи Тоҷикистон ба шиддат таҳти фишор ва таъқиби мақомоти интизомӣ ҳастанд.

Вай афзуд ; акнун як севвум аз аъзои Ҳизб ба Русия муҳоҷират карданд.

Зоиров гуфт ; ки асомии аъзо ва масулони Ҳизби Сосиал демакрат дар Тоҷикистон ҳама сола барои сабти ном ба Вазорати Адлияи ин кишвар эълон мешавад аммо дар ҳоли ҳозир бар асоси ин феҳрист фишор ба ин афрод дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар шидат ёфтааст.

Ӯ афзуд ; ин феҳрист маҳрамона буда ва фақат барои таъйиди ҳувияти аъзо ва масулони Ҳизби Сосиал демократи Тоҷикистон ба Вазорати Адлия ироа шудааст.

Вай аз мақомоти Тоҷикистон дархост кард ,ки ба фишори ва таъқиби аъзои Ҳизби Сосиал демократ поён диҳанд.