Июл 04, 2020 21:02 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши содироти пахтаи Тоҷикистон

Содироти пахтаи Тоҷикистон тайи панҷ моҳи нахусти соли ҷорӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 16.5 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авеста, дар ин муддат аз Тоҷикистон ба хориҷ наздик ба 30 ҳазор тонна пахта содир шудааст, ки арзиши молии он 42 миллиону 100 ҳазор доллар мебошад.

Ин шохис дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл аз нигоҳи вазнӣ 5.6 дарсад ва аз нигоҳи арзиши молӣ 16.5 дарсад коҳиш нишон медиҳад.

Бар асоси гузориши Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон қаблан пахтаи ин кишвар ба Русия, Чин, Туркия ва кишварҳои каронаи дарёи Балтика содир мешуд, аммо ба далели густариши вируси корона ва маҳдудиятҳои транзитӣ мизони содироти ин маҳсул коҳиш ёфтааст.

Масири дигари содироти пахтаи Тоҷикистон кишвари ҳамсоя Афғонистон аст, ки ба далели кам будани корхонаҳои бофандагӣ дар Афғонистон бахши асосии пахтаи содиротии Тоҷикистон аз қаламрави ин кишвар ба Покистон мунтақил мешавад.

 

Барчасп