Таваққуфи нашри коғазии рӯзномаи "Вечёрка" дар Тоҷикистон
Масъулони рӯзномаи "Вечёрка" оз аввали июл чопи коғазиро қатъ карданд.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Гулнора Амиршоева- сармуҳаррири рӯзнома гуфт: Мо ба самти нашри рақамӣ (диҷитал) меравем, ҳеҷ кас наметавонад дар баробари ин тағйир муқовимат кунад.
Ӯ афзуд: Бо таваҷҷуҳ ба маҷозӣ шудани бештари хариду фурушҳо, вебгоҳи рӯзнома низ мухотаби хубе доштааст.
Гулнора Амиршоева, сармуҳаррири рӯзнома афзуд: Дар ҳоли ҳозир тарҳҳои мухталифи маҷозӣ ба сурати онлайн дар ин муассиса иҷро мешавад.
Вай гуфт: Бо тавсеаи технологӣ мардум тамоми иттилоот ва ахбори мавриди ниёз худро фақат аз тариқи телефонҳои ҳушманд (смартфон) дарёфт мекунанд ва ин фазои муносибе барои матбуот аст.
Ӯ муътақид аст, ки тавсеаи шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои маҷозӣ ояндаи чопи коғазии нашриёт дар Тоҷикистонро номаълум кардааст.
Рӯзномаи русизабони Вечёрка аз соли 2011 мунташир мешавад ва масоили иқтисодиро баррасӣ мекунад.