Меъёри ташхиси хонаводаҳои ниёзманд барои дарёфти кӯмаки 500 сомонӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 12 Jul 2020 16:38:16 GMT )
Июл 12, 2020 21:38 Asia/Dushanbe
  • Меъёри ташхиси хонаводаҳои ниёзманд барои дарёфти кӯмаки 500 сомонӣ дар Тоҷикистон

Пас аз эъломи барномаи кӯмаки молии Бонки Ҷаҳонӣ барои хонаводаҳои ниёзманд дар Тоҷикистон, акнун ин пурсиш матраҳ мегардад, ки меъёри ташхиси воҷидони шароити дарёфти маблағи 500 сомонӣ чӣ хоҳад буд.

Ба нақл аз сомонаи Top Tj, Бонки Ҷаҳонӣ дар паи густариши коронавирус ва таъсири он ба иқтисоди Тоҷикистон, эълом кард, ба 50 000 хонаводаи фақири ин кишвар барои як бор 500 сомонӣ кӯмак хоҳад кард, ки дар марҳилаи нахуст, 17 000 хонавода дар 40 ноҳияи ин кишвар шомили ин тарҳ мешаванд.

Аммо меъёрҳои ташхиси фақир миёни Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистон тафовут дорад.

Бонки Ҷаҳонӣ мӯътақид аст, ки ҳар фарде, ки даромади рӯзонаи вай камтар аз 16 сомониву  7 дирам бошад,  (муодили 1 доллару 9 сент) шомили гурӯҳи фақирон мешавад.

Вале ҳукумати Тоҷикистон ин меъёрро намепазирад ва мегӯяд, ки дар ин маврид доштани хона, теъдоди фарзандон, даромади молӣ, дом ва имконоти рифоҳӣ муҳим мебошад.