Сабти як маврид фавти дигар бар асари КОВИД-19 дар Тоҷикистон
То соати 21 сешанбешаб 48 мавриди нави бемории КОВИД-19 бо як фавтида дар Тоҷикистон гузориш шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз 30 апрел то 14 июл теъдоди афроди гирифтори вируси корона ба 6 ҳазору 643 нафар расидааст, ки то кунун 5 ҳазору 332 нафар ё 80.2 дарсад аз онон дармон шудаанд.
Теъдоди мавориди фавтидаи бархоста аз бемории КОВИД-19 низ дар Тоҷикистон ба 56 нафар расид.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳамчунин гузориш дод, ки 178 шаҳрванди ин кишвар ба гумони гирифторӣ ба КОВИД-19 дар 24 соати гузашта таҳти назорати табибон қарор гирифта ва 54 нафар низ пас аз дармон рухсат ёфтаанд.
Бо вуҷуди коҳиши раванди густариши корона дар Тоҷикистон мақомоти ин кишвар ҳамчунон аз мардум риояти гигиенаи шахсиро тақозо карда ва дар бораи эҳтимоли падидор шудани мавҷи дувуми ин вирус ҳушдор медиҳанд.
Дар ҳамин замина масъулони шаҳри Хуҷанд аз афзоиши дубораи олуда шудан ба вируси корона пас аз бекор кардани бархе маҳдудиятҳо хабар доданд.