Мухолифати Тоҷикистон бо интисоби дубораи намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури матбуот
(last modified 2020-07-15T06:40:52+00:00 )
Июл 15, 2020 11:40 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Тоҷикистон бо интисоби дубораи намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури матбуот

Ҳукумати Тоҷикистон бо интисоби дубораи дипломати фаронсавӣ дар симати намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот ва расонаҳои хабарӣ мухолифат кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плюс, мақомоти ҳукумати Душанбе бо ирсоли номае ба Созмони амният ва ҳамкории Аврупо мухолифати худро бо интисоби дубораи Ҳарлем Дезир дар симати намояндаи ин созмон дар умури озодии матбуот ва расонаҳои хабарӣ иброз кардаанд.

Хабаргузории Азия-Плюс таъкид кардааст, ки дар Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба cаволи ин сомона дар бораи иллати мухолифати мақомоти Душанбе бо интисоби дубораи Ҳарлем Дезир гуфтаанд, ки дар ин замина ҳеҷ тавзеҳе нахоҳанд дод.

Бо ин ҳол ба гуфтаи як мақоми Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, дар номаи расмии ҳукумати Тоҷикистон таъкид шудааст, ки Ҳарлем Дезир аз теъдоде аз расонаҳои хабарӣ ҳимоят мекунад, ки ба «манбаи иттилоърасонии гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ» табдил шудаанд.

Аз сӯи дигар беш аз 30 созмони рӯзноманигорӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон аз ҷумла Рӯзноманигорони бидуни марз, Маркази аврупоии матбуоти озод, Федератсияи рӯзноманигорони Аврупо ва Хонаи озодӣ (Freedom House) бо ирсоли номае ба ҳукумати Тоҷикистон хостори таҷдиди назари мақомоти Душанбе дар бораи интисоби дубораи Ҳарлем Дезир дар симати намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот ва расонаҳои хабарӣ шудаанд.

 

Барчасп